Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бипӯшид пас ҷомаи нилгун,
Ҳамон нилгун ғарқ гашта ба хун,
Ба рӯзу ба шаб мӯя карду гирист,
Пас аз марги Суҳроб соле бизист.
Саранҷом ҳам дар ғами ӯ бимурд,
Равонаш бишуд сӯи Суҳроби гурд…
ТАЪРИХИ АНҶОМИ «ШОҲНОМА»
Чу бигзашт сол аз барам шаступанҷ,
Фузун кардам андешаи дарду ранҷ.
Ба таърихи шоҳон ниёз омадам,
Ба пеш ахтари дерсоз омадам.
Бузургону бодониш озодагон
Набиштанд яксар ҳама роягон.
Чунин номдорону гарданкашон,
Ки додам аз ин нома з-эшон нишон.
Нишаста назора ман аз дурашон,
Ту гуфтӣ, будам пеш муздурашон.
Ҷуз аҳсант аз эшон набуд баҳраам,
Бикафт андар аҳсанташон заҳраам…
Зи ҳиҷрат шуда панҷ ҳаштод бор
Ки гуфтам ман ин номаи шаҳриёр.
Маро аз бузургон ситоиш бувад,
Ситоиш варо дар физоиш бувад,
Ки ҷовид бодо хирадманд мард,
Ҳамеша ба кому дилаш кор кард.
Чу ин номвар нома омад ба бун,
Зи ман рӯи кишвар шавад пурсухун.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ҳар он кас, ки дорад ҳушу ройу дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин.
Сухан монад андар ҷаҳон ёдгор,
Сухан беҳтар аз гавҳари шоҳвор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор