Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бипарварда будам танашро ба ноз
Ба рахшандарӯзу шабони дароз,
Кунун он ба хун-андарун ғарқа гашт,
Кафан бар тани поки ӯ хирқа гашт!
Кунун ман киро гирам андар канор?
Кӣ хоҳад будан мар-маро ғамгусор?
Киро хонам акнун ба ҷои ту пеш?
Киро гӯям ин дарду тимори хеш?!
Дареғо, тану ҷону чашму чароғ,
Ба хок-андарун монда аз коху боғ!
Падар ҷустӣ, эй гурди лашкарпаноҳ,
Ба ҷои падар гӯрат омад ба роҳ!
Аз уммед навмед гаштӣ ту зор,
Бихуфтӣ ба хок-андарун зору хор.
Аз он пеш, к-ӯ дашнаро баркашид,
Ҷигаргоҳи симини ту бардарид,
Чаро он нишоне, ки модар-т дод,
Надодӣ бар ӯ-бар, накардӣ-ш ёд?
Нишон дода буд аз падар модарат,
Зи баҳри чи н-омад ҳаме боварат?
Кунун модарат монд бе ту асир,
Пур аз ранҷу тимору дарду заҳир.
Чаро н-омадам бо ту андар сафар,
Ки гаштӣ ба гурдони гетӣ самар,
Маро Рустам аз дур бишнохтӣ,
Туро бо ман, эй пур, бинвохтӣ,
Биандохтӣ теғ он сарфароз
Накардӣ ҷигаргоҳат, эй пур, боз!»
Ҳамегуфту мехасту меканд мӯй,
Ҳамезад кафи даст бар хубрӯй.
Зи бас, к-ӯ ҳаме шевану нола кард,
Ҳама халқро чашм пуржола кард.
Бар ин гуна беҳуш бифтод паст,
Ҳама халқро дил бар ӯ-бар бихаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор