Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бипӯшид бозаш ба дебои зард,
Сари тангтобутро сахт кард,
Ҳамегуфт: «Агар дахма заррин кунам,
Зи мушки сияҳ гардаш огин кунам,
Чу ман рафта бошам, намонад баҷой,
Вагарна маро худ ҷуз ин нест рой!
Чи созам ман акнун сазовори ӯй,
Ки монад аз ӯ дар ҷаҳон рангу бӯй?»
Тарошид тобуташ аз уди хом,
Бар ӯ-бар зада банди зарринситом,
Яке дахма кардаш чу сумми сутур,
Ҷаҳоне зи зорӣ ҳаме гашт кӯр!
Ба гетӣ ҳама-бар шуд ин достон,
Ки чун кушт фарзандро паҳлавон!
Ҷаҳон сарбасар пур зи тимор гашт,
Ҳар он кас, ки бишнид, ғамхор гашт!
Ба Рустам бар ин рӯз чанде гузашт,
Ба гирди дилаш шодмонӣ нагашт.
Ба охир шикебоӣ овард пеш,
Ки ҷуз он намедид ҳинҷори хеш.¹
Ҷаҳонро басе ҳаст з-ин сон ба ёд,
Басе доғ бар ҷони ҳар кас ниҳод.
Киро дар ҷаҳон ҳаст ҳушу хирад,
Куҷо ӯ фиреби замона хурад!
Чу эрониён з-ин хабар ёфтанд,
Бар он оташи ғам ҳаме тофтанд
В-аз он рӯй Ҳумон ба Тӯрон расид,
Бигуфт ӯ ба Афросиёб, он чи дид.
Аз ӯ монда буд шоҳи Тӯрон шигифт
В-аз он кор андозаҳо бас гирифт.
1 Ҳинҷор – роҳ, тариқ, илоҷ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор