Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ӯ бозгаштам, ки бегоҳ буд.
Ки шаб сахт торику бемоҳ буд.

Чу фардо биояд ба дашти набард,
Ба куштӣ ҳаме боядам чора кард.

Бикӯшам, надонам, ки пирӯз кист,
Бибинем, то ройи Яздон ба чист,

К-аз ӯй аст пирӯзиву дастгоҳ,
Ҳам ӯ офаринандаи ҳуру моҳ.»

Бад-ӯ гуфт Ковус: «Яздони пок
Тани бадсиголат кунад чок-чок!

Ман имшаб ба пеши ҷаҳонофарин
Бимонам фаровон сар андар замин,

Бад-он, то туро бардиҳад дастгоҳ
Бар ин турки бадхоҳи гумкардароҳ,

Кунад тоза пажмурда коми туро,
Барорад ба хуршед номи туро!»

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Бо фарри шоҳ
Барояд ҳама комаи некхоҳ!»

Ба лашкаргаҳи хеш бинҳод рӯй
В-аз андеша ҷону сараш чораҷӯй.

Завора биомад, халидаравон,
Ки имрӯз чун гашт бар паҳлавон?

Аз ӯ хӯрданӣ хост Рустам нахуст,
Пас он гаҳ зи андеша дилро бишуст,

Чунин ронд пеши бародар сухун,
Ки «Бедордил бошу тундӣ макун!

Ба шабгир, чун ман ба овардгоҳ
1
Равам пеши он турки новардхоҳ,

Биовар сипоҳу дирафши маро,
Ҳамон тахту зарринакафши маро,

Ҳаме бош дар пеши пардасарой,
Чу хуршеди тобон барояд зи ҷой,

1 Новардхоҳ – размхоҳ, ҷангҷӯ.

пешина
аз 345
навбатӣ