Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бибинам, ки ин навҷаҳондор кист?
Бузургон кадоманду солор кист?»

Бад-ӯ гуфт Ковус, к-«Ин кори туст,
Ки бедордил бошиву тандуруст,

Ҳамеша нигаҳдор Яздон-т бод,
Ба коми дилу ройу паймон-т бод!»

Таҳамтан яке ҷомаи турквор
Бипӯшиду омад ниҳон то ҳисор,

Биомад, чу наздикии диж расид,
Хурӯшидану бонги туркон шунид.

Бад-он диж-дарун рафт марди далер,
Чунон чун суи оҳувон наррашер.

Якояк саронро нигаҳ карду дид,
Зи шодӣ рухонаш чу гул бишкуфид.

Бад-он гаҳ, ки Суҳроб оҳанги ҷанг
Намуду гаҳи рафтан омад-ш танг,

Ҳаме хонд пас модараш Жандаразм,
Ки ӯ дида буд паҳлавон гоҳи базм.

Буд ӯ пури шоҳи Самангонзамин,
Ҳамон холи Суҳроби боофарин.

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй гурди равшанравон,
Фиристам-т ҳамроҳи ин навҷавон,

Ки чун номвар сӯи Эрон расад,
Ба наздики шоҳи далерон расад,

Чу танг-андар ояд сипаҳ рӯзи кин,
Падарро намоӣ ба пури гузин!»

Чу Суҳробро дид бар тахти базм,
Нишаста ба як дасти ӯ Жандаразм,

Ба дигар – чу Ҳумон, савори далер,
Дигар Бормон – номбардор шер,

Ту гуфтӣ, ҳама тахти Суҳроб буд,
Ба сони яке сарви шодоб буд,

пешина
аз 345
навбатӣ