Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бурун шуд, ба хашм-андар омад ба Рахш,
«Манам – гуфт, – шеравжани тоҷбахш,
Чу хашм оварам, шоҳ Ковус кист?
Чаро даст ёзад ба ман – Тӯс кист?
Маро зӯру фирӯзӣ аз довар аст,
На аз подшоҳу на аз лашкар аст!
Замин бандаву Рахш гоҳи ман аст,
1
Нигин гурзу миғфар кулоҳи ман аст.
Сари найзаву гурз ёри мананд,
Ду бозуву дил шаҳриёри мананд!
Шаби тира аз теғ рахшон кунам,
Бар овардгаҳ-бар сар афшон кунам!
Чи озорадам ӯ, на ман бандаам,
Яке бандаи офаринандаам,
Далерон ба шоҳӣ маро хостанд,
Ҳамон гоҳу афсар биоростанд,
Суи тахти шоҳӣ накардам нигоҳ,
Нигаҳ доштам расму оину роҳ,
Агар ман пазируфтаме тоҷу тахт,
Набудӣ туро ин бузургиву бахт!
Ҳама ҳар чи гуфтӣ, сазои ман аст,
Зи ту некуиҳо ба ҷои ман аст.
Нишондам бад-ин тахт ман Кайқубод,
Чи Ковус донам, чи хашмаш, чи бод!
Ва гар Кайқубодам зи Албурзкӯҳ
Ба зорӣ фитода миёни гурӯҳ,
Наовардаме ман ба Эронзамин,
Набастӣ камарбанду шамшери кин,
Туро ин бузургӣ набудиву ком,
Ки гӯӣ суханҳо ба Дастони Сом!
Агар ман нарафтам ба Мозандарон,
Ба гардан бароварда гурзи гарон,
Миғфар – кулоҳи ҷангӣ, хӯд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо