Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

В-агар хуфтаӣ, зуд барҷаҳ ба пой
В-агар худ бапоӣ, замоне мапой!

Магар бо саворони бисёрҳуш
Зи Зобул биронӣ, барорӣ хурӯш.

Бар он сон, ки Гаждаҳм аз ӯ ёд кард,
Ҷуз аз ту набошад варо ҳамнабард.

Чу бархонӣ ин номаро, бедиранг
Баророю баркаш сипаҳ сӯи ҷанг!»

Ниҳод аз бари нома муҳре чу қир
Зи анбар баромехта в-аз абир,

Ба Гев он гаҳе гуфт: «Биштоб зуд,
Инони таковар бибояд бисуд,

Набояд, ки чун назди Рустам шавӣ,
1
Ба Зобул бимонӣ ва гар биғнавӣ,

Агар шаб расӣ, рӯзро бозгард,
Бигӯяш, ки танг андаромад набард

В-агар на фароз аст ин марди гурд,
Бадандешро хор натвон шумурд!»

Аз ӯ нома бистад ҳам андар шитоб,
Бирафту наҷуст эч орому хоб,

Шабу рӯз тозон чу боди дамон,
На парвои обу на андӯҳи нон.

Чу наздикии Зобулистон расид,
2
Хурӯши талоя ба Дастон расид,

Ки омад саворе зи Эрон чу гард,
Ба зер-андараш бораи раҳнавард.

Таҳамтан пазира шудаш бо сипоҳ,
Ниҳоданд бар сар бузургон кулоҳ,

Пиёда шудаш Геву гурдон баҳам
Ҳар он кас, ки бар зин буд аз бешу кам.

Ва гар – ин ҷо ба маънии ва ё.
Талоя – гурӯҳи пешгарди лашкар, дозор, разведка.

пешина
аз 345
навбатӣ