Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷаҳондор пеш аз ту бисёр буд,
Ки тахти меҳиро сазовор буд,

Фаровон ғаму шодмонӣ шумурд,
Бирафту ҷаҳон дигареро супурд!

Агар бораи оҳанинӣ, ба пой
Сипеҳрат бисояд, намонӣ ба ҷой!

Касеро бувад з-ин сипас бахти ту,
Ба хок оварад ин сару тахти ту,

Куҷо номи ӯ Офаридун бувад,
Заминро сипеҳри ҳумоюн бувад.

Ҳанӯз он сипаҳбуд зи модар назод,
Наомад гаҳи тарси ӯ сардбод.

Чу ӯ зояд аз модари пурҳунар,
Ба сони дарахте бувад борвар.

Ба ҷое расад, баркашад сар ба моҳ,
Камар ҷӯяду тоҷу тахту кулоҳ.

Ба боло шавад чун яке сарви бурз,
Ба гардан барорад зи пӯлод гурз.

Занад бар сарат гурзаи говрӯй,
Ба бандат дарорад зи айвон ба кӯй!»

Бад-ӯ гуфт Заҳҳоки нопокдин:
«Чаро бандадам, чист бо ман-ш кин?»

Диловар бад-ӯ гуфт: «Гар бихрадӣ,
Касе бебаҳона насозад бадӣ,

Барояд ба дасти ту ҳуши падар-ш
В-аз он дард гардад пур аз кина сар-ш.

Яке гов Бармоя хоҳад будан,
Ҷаҳонҷӯйро доя хоҳад будан,

Табаҳ гардад он ҳам ба дасти ту-бар,
Бад-ин кин кашад гурзаи говсар!»

Чу Заҳҳок бишнид, бикшод гӯш,
Зи тахт андарафтоду з-ӯ рафт ҳуш.

Гаронмоя аз пеши тахти баланд Биомад, диле пур зи биму газанд.

пешина
аз 345
навбатӣ