Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ГИРИФТАНИ СУҲРОБ ДИЖИ САПЕДРО

Чу хуршед барзад сар аз бурзи кӯҳ,
Миёнҳо бибастанд Тӯронгурӯҳ.

Сипаҳдор Суҳроб, найза ба даст,
Яке бораи тезтак-бар нишаст,

Бад-он буд, ки гурдони дижро ҳама
Бигирад, бибандад ба сони рама.

Чу оҳанги диж кард, касро надид,
Хурӯше чу шери жиён баркашид.

Биомад, дари диж кушоданд боз,
Надиданд бар диж касе размсоз,

Ки зери диж-андар яке роҳ буд,
Ки душман аз он раҳ на огоҳ буд,

Ҳамон шаб аз он роҳи диж Гаждаҳам
Бурун шуд, ҳама дуда бо ӯ баҳам.

Чу Суҳробу лашкар бари диж расид,
Ба бора-дарун Гаждаҳамро надид,

Ҳар он кас, ки буд андар он ҷойгоҳ,
1
Гунаҳкор буданд, агар бегуноҳ,

Ба фармон ҳама пеши ӯй омаданд.
Ба ҷон ҳар касе чораҷӯй омаданд.

Ҳаме ҷуст Гурдофариду надид,
Дилаш меҳру пайванди ӯ баргузид,

Ба дил гуфт: «Аз ин пас дареғо, дареғ,
Ки шуд моҳи тобанда дар зери меғ!

Маро чашмзахме аҷаб рӯ намуд,
Ки даҳр ончунон сайде аз ман рабуд,

Ғариб оҳуе омадам дар каманд,
Ки аз банд ҷасту маро кард банд,

Парипайкаре ногаҳон рӯ намуд,
Диламро рабуду ғамамро фузуд.

Агар – дар ин ҷо ба маънии «ё».

пешина
аз 345
навбатӣ