Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Азеро сарат з-осмон бартар аст,
Ки тухми ту з-он номвар гавҳар аст!
Чу Соми Наримон ба гетӣ набуд,
Сарашро наёраст гардун бисуд!»
Яке нома аз Рустами ҷангҷӯй
Биоварду бинмуд пинҳон бад-ӯй,
1
Се ёқути рахшону се бадразар,
К-аз Эрон фиристода будаш падар,
Бад-он гоҳ, к-ӯ зода будаш зи мом,
Фиристода будаш падар бо паём:
«Нигаҳ кун ту онро, ба хубӣ нигар,
Ки бобат фиристода, эй пурҳунар!»
Дигар гуфт, к-«Афросиёб ин сухун
Набояд, ки донад зи сар то ба бун,
Ки ӯ душмани номвар Рустам аст.
Ба Тӯронзамин з-ӯ ҳама мотам аст,
Мабодо, ки гардад ба ту кинахоҳ,
Зи хашми падар пур созад табоҳ!
Падар гар бидонад, ки ту з-ин нишон
Шудастӣ сарафрози гарданкашон,
Ҳамон гаҳ бихонад туро назди хеш,
Дили модарат гардад аз дард реш!»
Чунин гуфт Суҳроб, к-«Андар ҷаҳон
Надорад касе ин суханро ниҳон!
2
Набарданажоде, ки чун ин бувад,
Ниҳон кардан аз ман чи оин бувад?!
Кунун ман зи туркони ҷанговарон
Фароз оварам лашкари бекарон,
Барангезам аз гоҳ Ковусро,
Аз Эрон бибуррам пайи Тӯсро,
Бадра – ҳамён, халта.
Набарданажод – паҳлавоннажод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо