Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чу хуршеди равшан зи чархи баланд
Ҳаме хост афканд мушкин каманд,
Ба бозуи Рустам яке муҳра буд,
Ки он муҳра андар ҷаҳон шуҳра буд,
Бад-ӯ доду гуфташ, ки «Инро бидор,
Гарат духтаре ояд аз рӯзгор,
Бигиру ба гесӯи ӯ-бар бидӯз
Ба некахтару фоли гетифурӯз
В-ар эдун, ки ояд зи ахтар писар,
Бибандаш ба бозӯ ба сони падар,
Ба болои Соми Наримон бувад,
Ба мардиву хӯи каримон бувад,
Фуруд орад аз абр парронуқоб,
Натобад ба тундӣ бар ӯ офтоб,
Ба бозӣ шуморад ҳаме разми шер,
Напечад сар аз разми пили далер!»
Ҳаме буд он шаб бари моҳрӯй,
Ҳаме гуфт аз ҳар сухан пеши ӯй.
Чу рахшанда хуршед шуд бар сипеҳр,
Биорост рӯи заминро ба меҳр,
Ба падруд кардан гирифташ ба бар,
Басе бӯса додаш ба чашму ба сар.
Паричеҳра гирён аз ӯ бозгашт,
Або андуҳу дард анбоз гашт.
Бари Рустам омад гаронмоя шоҳ,
Бипурсидаш аз хобу оромгоҳ,
Чу ин гуфта шуд, мужда додаш зи Рахш
Аз ӯ шодмон шуд дили тоҷбахш,
Биомад, бимолиду зин барниҳод,
Шуд аз Рахш рахшону аз шоҳ шод
В-аз он ҷо суи Систон шуд чу бод
В-аз ин достон кард бисёр ёд
В-аз он ҷо суи Зобулистон кашид,
Касеро нагуфт, он чи диду шунид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо