Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Кунун рафт бояд ба бечорагӣ,
Ба ғам дил ниҳодан ба якборагӣ,
Ҳаме баст бояд силеҳу камар,
Ба ҷое нишонаш биёбам магар.»
Бирафт инчунин дил пур аз дарду ранҷ,
Тан андар балову дил андар шиканҷ.
ОМАДАНИ РУСТАМ БА ШАҲРИ САМАНГОН
Чу наздики шаҳри Самангон расид,
Хабар з-ӯ ба шоҳу бузургон расид,
Ки омад пиёда гави тоҷбахш,
Ба нахчиргаҳ з-ӯ рамидаст Рахш.
Пазира шудандаш бузургони шоҳ –
Касе, к-ӯ ба сар барниҳодӣ кулоҳ.
Ҳаме гуфт ҳар кас, ки «Ин Рустам аст
Ва ё офтоби сапедадам аст?!»
Пиёда бишуд пеши ӯ зуд шоҳ,
Бар ӯ анҷуман шуд фаровон сипоҳ,
Бад-ӯ гуфт шоҳи Самангон: «Чи буд?
Кӣ ёраст бо ту набард озмуд?
Дар ин шаҳр мо некхоҳи туем,
Ситода ба фармону роҳи туем,
Тану хоста зери фармони туст,
Сари арҷмандону ҷон они туст!»
Чу Рустам ба гуфтори ӯ бингарид,
Зи дил бадгумонӣ-ш кӯтоҳ дид,
Бад-ӯ гуфт: «Рахшам бад-ин марғзор
1
Зи ман дур шуд бе лагому фасор,
Кунун то Самангон нишони пай аст,
Аз он сӯ куҷо ҷӯйбору най аст.
Туро бошад, ар бозҷӯӣ, сипос,
Биёбӣ ту подоши некишинос!»
Фасор – афсор; ҷиҳози асп ғайр аз лаҷом.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо