Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ки лашкар кашад тирашаб пеши рӯз,
Бигирад сари ҳури гетифурӯз,
Манижа бишуд, оташе барфурӯхт,
Ки чашми шаби қиргунро бисӯхт.
Ба гӯш-андарун бонги рӯинахум,
Ки то кай расад Рахши пӯлодсум?!
БАРОВАРДАНИ РУСТАМ БЕЖАНРО АЗ ЧОҲ
Таҳамтан бипӯшид румӣ зиреҳ,
Барафканд банди зиреҳро гиреҳ,
Ба пеши Худованди Хуршеду Моҳ
Ниёиш бад-ӯ карду пушту паноҳ,
Ҳаме гуфт: «Чашми бадон кӯр бод,
Бад-ин кори Бежан маро зӯр бод!»
Ба гурдон бифармуд, то ҳамчунин
Бибастанд бар гирдгаҳ банди кин,
Бар аспон ниҳоданд зини хаданг,
Ҳама ҷангро сохта тез чанг.
Таҳамтан ба Рахш-андар овард пой,
Ҳамерафт пеш-андарун раҳнамой,
Чу омад бар он санги Аквон фароз,
Бад-он чоҳи андӯҳу гурму гудоз,
Чунин гуфт Рустам бад-он ҳафт гурд,
Ки «Рӯи заминро бибояд сипурд,
Бибояд шуморо кунун тохтан,
Сари чоҳ аз ин санг пардохтан!»
Пиёда шуданд он сарони сипоҳ,
Ки аз санг пардахта монанд чоҳ,
Ба санг-андар овард ҳар ҳафт чанг,
Шуда монда гурдону осуда санг.
Чу аз номдорон биполуд хай,
Ки санг аз сари чоҳ нанҳод пай,
Зи асп-андар омад Гави шери нар,
Зиреҳдоманашро бизад бар камар,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо