Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Хирадманд, к-орад ҳаворо ба зер,
Бувад достонаш чу шери далер.
Ту дастон намудӣ чу рӯбоҳи пир,
Надидӣ ҳаме доми нахчиргир.
Нашояд бар ин беҳуда коми ту,
Ки ман пеши Хусрав барам номи ту!
Валекин кунун бас ба бечорагӣ
Фурӯмонда бинам-т якборагӣ,
Зи Хусрав бихоҳам гуноҳи туро,
Барафрӯзам ин тира моҳи туро,
Агар Бежан аз банд гардад раҳо
Ба фармони додори кайҳонхудо,
Раҳо будӣ аз банду растӣ ба ҷон,
Зи ту дур шуд кинаи паҳлавон!
В-агар ҷуз бар ин гуна гардад сипеҳр,
Зи ҷону тани хеш бардор меҳр.
Нахустин ман оям бар ин кинахоҳ,
Ба нерӯи Яздону фармони шоҳ!
В-агар ман наёбам, ҳунарманд Гев
Бихоҳад зи ту кини фарзанди нев!»
Баромад бар ин кор як рӯзу шаб,
Аз ин кор накшод бар шоҳ лаб,
Дувум рӯз чун шед бинмуд тоҷ,
Нишаст аз бари симгун тахти оҷ,
Таҳамтан биомад, бигустурд пар
Ба хоҳиш бари шоҳи пирӯзгар,
Зи Гургин сухан рафт бо шаҳриёр,
Аз он гумшудабахти бадрӯзгор,
Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Эй сипаҳдори ман,
Ҳаме бигсилӣ банду зинҳори ман,
Ки савганд хӯрдам ба тахту кулоҳ,
Ба Баҳрому Ноҳиду Хуршеду Моҳ,
Ки Гургин набинад зи ман ҷуз бало,
Магар Бежан аз банд гардад раҳо!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо