Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба гурдони Эрон намояд ҳунар,
Зи хукони ҷангӣ ҷудо карда сар.
Ба гурдон барафканд ҳар як чу кӯҳ,
Шуда говмеш аз кашидан сутӯҳ.
ФИРЕБ ДОДАНИ ГУРГИН БЕЖАНРО
Бадандеш Гургини шӯридаҳуш
Ба як сӯ ба беша даромад хамӯш,
Ҳама беша омад ба чашмаш кабуд,
Бар ӯ офарин карду шодӣ намуд.
Ба дил-ш андаромад аз он кор дард,
Зи бадномии хеш тарсид мард.
Дилашро бипечид аҳримано,
Бадӣ сохтан хост бар Бежано.
Сиголиш чунон буд, набишта чунин,¹
Накард эч ёд аз ҷаҳонофарин.²
Касе, к-ӯ ба раҳ барканад жарф чоҳ,
Сазад, гар ниҳад бар буни чоҳ гоҳ.
Зи баҳри фузуниву аз баҳри ном
Ба роҳи ҷавоне бигустурд дом.
Ба Бежан чунин гуфт, к-«Эй паҳлавон,
Дили корзору хирадро равон,
Барояд туро инчунин кор чанд
Ба нерӯи Яздону бахти баланд!»
Набуд Бежан огаҳ зи кирдори ӯй,
Ҳаме рост пиндошт гуфтори ӯй.
Чи хӯрданд аз он сурхмай андаке,
Ба Гургин нигаҳ кард Бежан яке,
Бигуфташ, ки «Чун дидӣ ин ҷанги ман,
Тавонад касе ҷустан оҳанги ман?»
Сиголиш – бадандешӣ, бадхоҳӣ.
Эч – ҳич, ҳеҷ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё