Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Надонад касе роҳу сомони ӯй,
На пайдо бувад дарду дармони ӯй!»
Бигуфтам: «Биёр, эй маҳи хубчеҳр,
Бихон достону биафзой меҳр!»
Маро гуфт, к-«Аз ман сухан бишнавӣ,
Ба шеър орӣ аз дафтари паҳлавӣ?»
Магар табъи шӯрида бикшоядам,
Шаби тира з-андеша хоб оядам,
Зи ту табъи ман гардад ороста,
Аё меҳрубон ёри пероста,
Чунон чун зи ту бишнавам дар ба дар,
Ба шеър оварам достон сарбасар,
Бигӯям, пазирам зи Яздон сипос,
Аё меҳрубон ҷуфти некишинос!
Бихонд он бути меҳрубон достон
Зи дафтар навишта гаҳи бостон,
Ба гуфтори шеърам кунун гӯш дор,
Хирад ёд дору ба дил ҳуш дор!
ДОДХОҲИИ ИРМОНИЁН АЗ ХУСРАВ
Ба номи Худованди гардонсипеҳр,
Худованди Тиру Худованди Меҳр.
Чу Кайхусрав омад ба кин хостан,
Ҷаҳон сози нав хост оростан.
Зи Тӯронзамин гум шуд он тахту гоҳ,
Баромад ба хуршед-бар тахти шоҳ.
Бипайваст бо шаҳри Эрон сипеҳр,
Бар озодагон-бар бигустурд меҳр.
Замона чунон шуд, ки буд аз нахуст,
Ба оби вафо рӯи хусрав бишуст.
Ба ҷӯе, ки як бор бигзашт об,
Насозад хирадманд аз ӯ ҷои хоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё