Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БЕЖАН ВА МАНИЖА

ОҒОЗИ ДОСТОН

1
Шабе чун шаба рӯй шуста ба қир,
На Баҳром пайдо, на Кайвон, на Тир.

Дигаргуна ороише кард Моҳ,
Басечи гузар кард бар пешгоҳ.²

3
Шуда тира андар сарои диранг,
Миён карда борику дил карда танг.

Зи тоҷаш се баҳра шуда лоҷвард,
Сипарда ҳаворо ба зангоргард.

Сипоҳи шаби тира бар дашту роғ
Яке хилъат афканда чун парри зоғ.

Чу пӯлоди зангорхӯрда сипеҳр,
Ту гуфтӣ, ба қир андарандуда чеҳр.

Намудам зи ҳар сӯ ба чашм аҳриман,
Чу мори сияҳ боз карда даҳан.

Ҳар он гаҳ ки барзад яке боди сард,
Чу зангӣ барангехт з-ангишт гард.

Чунон гашт боғу лаби ҷӯйбор,
Куҷо мавҷ хезад зи дарёи Қор.

Фурӯ монда гардуни гардон ба ҷой,
Шуда суст хуршедро дасту пой.

Замин андар он чодари қиргун,
Ту гуфтӣ, шудастӣ ба хоб-андарун.

Ҷаҳонро дил аз хештан пурҳарос,
Ҷарас баргирифта нигаҳбони пос.

4
На овои мурғу на ҳаррои дад,
Замона забон баста аз неку бад.

1
Шаба – санги сиёҳи барроқи нарм; маҷозан – сиёҳӣ, торикӣ.
2
Басечи гузар – қасди гузар, азми гузар.
Диранг – дер, таъхир.
Ҳаррои дад – ҳарроси даранда.

пешина
аз 345
навбатӣ