Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чу рӯи падар дид Дастони Сом,
Пиёда шуд аз аспу бигзорд гом…
Бузургон ҳама пеши ӯй омаданд,
Ба тимору бо гуфтугӯй омаданд,
Ки «Озурда гаштаст аз ту падар,
Яке пӯзиш овар, макаш ҳеч сар!»
Чунин дод посух, к-«Аз ин бок нест,
Саранҷоми мардум ба ҷуз хок нест.
Падар гар ба мағз-андар орад хирад,
Ҳамоно сухан бар сухан нагзарад,
Магар то забонро биронад ба хашм,
Пас аз шарм об андарорад ба чашм,
Агар баркушояд забонро ба меҳр,
Ман аз шармаш об андарорам ба чеҳр!»
Чунин то ба даргоҳи Сом омаданд,
Кушодадилу шодком омаданд.
Чу Зол андаромад ба пеши падар,
Заминро бибӯсиду бардошт сар,
Яке офарин кард бар Соми гурд
В-аз оби ду наргис ҳаме гул сутурд,
Ки «Бедордил паҳлавон шод бод,
Равонаш парастандаи дод бод.
Зи теғи ту алмос бирён шавад,
Замин рӯзи ҷанги ту гирён шавад.
23
Куҷо дизаи ту чамад рӯзи ҷанг,
Шитоб ояд андар сипоҳи диранг.
Сипеҳре куҷо боди гурзи ту дид,
Ҳамоно ситора наёрад кашид.
Замин сар ба сар сабз бо доди ту,
Равони хирад кишти бунёди ту.
1
Бигзорд – бигзошт.
Диза – асп; аспе, ки аз ёл то думаш хате сиёҳ дошта бошад.
Чамад – хиромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё