Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар-он рӯзро Рӯзи Нав хонданд.
1
Сари Соли Нав Ҳурмузи фарвадин
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин,
Бузургон ба шодӣ биоростанд,
Майу ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Чунин сол сесад ҳамерафт кор,
Надиданд марг андар он рӯзгор.
Зи ранҷу зи бад-шон набуд огаҳӣ,
Миён баста девон ба сони раҳӣ.
Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,
Зи ромиш ҷаҳон буд пуровози нӯш.
Чунин то баромад бар ин солиён,
Ҳаметофт аз шоҳ фарри кайон.
Ҷаҳон буд ба ором аз ӯ шодком,
Зи Яздон бад-ӯ нав ба нав буд паём.
Чу чанде баромад бар ин рӯзгор,
Надиданд ҷуз хубӣ аз шаҳриёр.
Ҷаҳон сар ба сар гашта ӯро раҳӣ,
2
Нишаста ҷаҳондор бо фарраҳӣ,
Якояк ба тахти меҳӣ бингарид,
Ба гетӣ ҷуз аз хештан кас надид,
Манӣ кард он шоҳи яздоншинос,
Зи Яздон бипечиду шуд носипос,
Гаронмоягонро зи лашкар бихонд,
Чи моя сухан пеши эшон биронд,
Чунин гуфт бо солхӯрда меҳон,
Ки «Ҷуз хештанро надонам ҷаҳон!
Фарвадин (фарвардин) – моҳи аввали соли шамсӣ (21 март – 20 апрел).
Фарраҳӣ – шукӯҳу азамат, шаъну шавкат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё