Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аз ман нишона, барои модарам. – Тӯпии қубадори зардӯзиашро ба сар монд. – Баъд, аз сарам баъд мегиранд.
Модар, ки сар таги курпа ба гапҳои Лутфия гӯш медод, тоқат накарда, аз ҷойхобаш хест.
– Ту, Лутфия, сиҳат нестӣ, девона шудаӣ, ҳоло ист, ба падарат, ба акаат, ба ҳама мегӯям, мактабат меравам, туро дигар аз хона баромадан намемонам, ба пою дастонат кишан мезанам, девонахона мебарам, духтари бисёр надорам, якта дорам, якта…– Модар бо духтар ҷанг кард, ғирев андохт. Баъд бо умеде, ки гапашро фаҳмонда тавонист, вайро тарсонд, сар ба болин монд. Сар ба болин монду ӯро хоби ғафлат бурд. Чашм кушод, рӯз равшан шуда, ҷойхоби Лутфия холӣ.
– Лутфия! Лутфияҷон?! – Бо доду фарёд аз хона берун
1 шуд. «Дар куҷоӣ, Лутфия? Канишӣ1F, Лутфияҷон!!» – фарёд мезад. Оғил, ахтахона, ҳоҷатхона, ҳезумхона, кулбае намонда, ки модар ба он сар назада. «Лутфия!» – гуфта заминро хокпарчак мекард модар, аҳли хонадон, ҳамсояҳо бедор шуданд, рӯи ҳавлӣ пур-пури одам гашт.
– Духтарам нест, рӯям сиёҳ шуд, вай рафтааст.
– Куҷо рафтааст Лутфия? Чӣ гап шудааст? – Ҳамсояҳо мепурсиданд.
– Рафтааст, баромада рафтааст, ман медонам куҷо рафтааст, куҷое рафта бошад, ҳамроҳи Фахрӣ рафтааст. – Модар ба замин афтода, аҷириқҳоро панҷолхарош мекард. Ба писараш Шоҳпур фармуд, ки Фахриро ёбад, аз паси Фахрӣ шавад.
Аз миён лаҳзае гузашт, ки Шоҳпур ҳамроҳи модари Фахрӣ Макнуна аз дарвоза даромад, гуфт, ки Фахрӣ дар хонаашон нест, модараш ҳам бехабар, ки вай кай аз хона баромада, куҷо рафта. Ба хаёли модари Лутфия, ки хоҳарашро парвое не, дилаш пур.
– Апаҷон, бовар кунед, ки бачаи ман ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ ваҷҳ ин хел фикрҳо надорад, аз забонаш нашунидаам. Имшаб ҳам бо ҷӯраҳояш, бо духтарҳои бисёр дар тӯй буд.
– Макнуна, мегӯм ту бачаи бисёр дорӣ? – Бепарвойии хоҳар ба ӯ нафорид.

1 Куҷо шудӣ?

пешина
аз 234
навбатӣ