Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Болои он баромад, аз Гулнора хоҳиш кард, ки ӯро якҷоя бо оби дарё, дарахтзорони танаи теппа, ки то баландиҳо сабзу назаррабо метофтанд, аксбардорӣ намояд. Баъд навбати Гулнора расид, дугонааш хоҳиш кард, ки ӯ ҳам болои санг барояд, Гулнора дили бедилон дар рӯи санг меистод, дар дилаш ваҳм, чашмаш ба дарё, об гирдогирди санг мепечид, шалапа медод, ба болои санг ҳам об медавид.
– Метарсам, Моҳия, ба Худо метарсам, – аҳволашро ба дугона фаҳмонд.
– Натарс, мою ту дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мехонем, ту муштзан, чемпион.
– Метарсам, – болои санг истода наметавонист, пойҳояш меларзиданд.
– Пеш биё, як қадам, боз андаке, хам шав, ба дарё нигар, – Моҳия дар даст телефон чик-чик акс мебардошт. – Ана, шуд, биё, пеш биё, дастатро те, – Моҳия ба ҷониби Гулнора даст дароз карда буд, ки пои ӯ аз рӯи санг лағжид. Баъд чӣ шуду нашуд, ки Гулнора худро дар оғӯши дарё дид. Дар лаби дарё доду фарёд, одамон тарафаш медавиданд. Гулнора дигар чизеро нафаҳмид. Оби дарё мебурд духтарро. Дар беморхона ба ҳуш омад. Гуфтанд, ки ҷавоне аз ҷонаш гузашта, худашро ба дарё андохтаву Гулнораро доштааст, аз дарё баровардааст. Он ҷавон кӣ? Худаш ба хабаргирии вай омада. Исфандиёр, номи дигараш Сархӯр будааст. Падару модар, худи Гулнора намедонистанд, ки дар ҷавоби ҷоннисории ӯ ба вай чӣ туҳфа раво бинанд. Гулнора шарм намедорад, ки имрӯз бигӯяд: Дар он лаҳзаҳо фикре ба сараш омада, ки агар ҷавон мепазируфт, худро садқаи сари ӯ менамуд. Вале Сархӯр Гулнораро апа хонд. Ҳоло ҳамин додари азизи Гулнора дар селоб ғарқ. Ӯ чи апае, ки ғами додар нахӯрад, барои наҷоташ надавад.


Дарахти азими чинор рӯй-рӯи об мерафт, гоҳе дар роҳаш
дармемонд, об кӯл мехӯрд, шоху баргҳояш таги об мешуданд, ба навдаҳои баланди яктора ҳам об наздик мерафт.

пешина
аз 234
навбатӣ