Ишқи сархӯр

Ҷавон боз қадам монд, об то китфонаш баланд шуд, қарибе таги об монданд. Аммо вай ба пой рост буд.
Лаҳзае, боз чанд лаҳзае. Ахир овози Сархӯр баланд гашт:
«Фаро!» Ва пушташро ба тарафи соҳил гардонд. «Фаро! Худатро соҳиб шав, фаро!» – гуфта фарёд зад. Лутфия худро рӯи сабзазорони канори сангоб дид. Вале худи Сархӯр баромада натавонист, ҳар қадар меҷунбид, печутоб мехӯрд, дасташ ба шохи дарахт ё буттае намерасид. Ниҳоят наздики як дарахте шуд, чинори сершоху навда, об таги решаҳои онро мекофт, кома мекард, онро ба ком мекашид, чинор аз бехи решаҳояш канда хӯрд, обакӣ шуд. Сархӯр ба шоху навдаҳои чинор часпид. Чинор рӯ-рӯи об мерафт, дарахту ҷавонро об мебурд, Лутфия тоби назораи ин манзараи фоҷиабор надошт. Чашмонашро пӯшид. Вақте чашм кушод, на дарахт буду на Сархӯр.
Сари шохаҳои дарахтон, болои сараш нурҳои офтоб афтода, нурҳои зарринтоби офтоби пагоҳ. Ӯ мондаю лаби сангоб. Аз ҷой бархост, дар гӯшҳояш як садо: «Меоям, Лутфия, интизор шав, меоям!» ва ӯ низ мегуфт: «Интизорат мешавам, Исфандиёр, Исфандиёр!»
Лутфия кӯтали пеши рӯйро боло шуд. Ҳангу мадораш намонда, дигар роҳ рафта наметавонист. Сари кӯтал, болои санге нишаст. Ҳанӯз борон аз боридан намонда. Худо мегуфт, ки наборад борон, бас кунад, Исфандиёр халос ёбад, хаёлаш ба Исфандиёр. Дар пайроҳаи даруни дара одамон пайдо шуданд, аз шаҳр меомаданд, се нафар, ду мард, як духтар, духтар пеш-пеш, ӯ наздики Лутфия шуда аз роҳаш гашт.
– Хоҳар, тинҷ ҳастӣ? Ин ҷо чӣ мекунӣ? – пурсид аз Лутфия.
– Ҳамроҳамро сел бурд, – ба поён, ба сангоб ишора намуд.
– Рафиқат кӣ буд? Духтар ё писар?
– Писар.
– Акаат буд?
– Не.
– Нағздидаат?
– Вай маро аз марг наҷот бахшида буд, ҳамин ҳоло ҳам маро аз сел гузаронду худаш натавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё