Ишқи сархӯр

Номурод, бенасиб. Чаро Худованд меҳри Лутфияю Фахриро дар дили ҳамдигар ҷо намуд? Чаро дӯст доштанд? Чаро? Дили Лутфия пурорзу буд, ки саҳар аз хоб чашм кушояду дида ба дидори Фахрӣ бубандад, орзуе, ки сар дар як болин бимонанд, бо ҳам аз ҷойхоб бархезанду аз паи рӯзу рӯзгор бишаванд, хонаю дар, бачу кач бигӯянд. Э, боз чӣ орзую умедҳое.
Лек намедонистаанд, ки ҳамаи ин таманноҳо баҳри онҳо номумкин буда, гӯё акаю хоҳар будаанду бехабар.
Лутфия бо сари пурғавғову хаёлҳои ноҷо аз ҷойхоб бархост. То модар бедор нашавад, нӯк-нӯки по оҳиста тарафи дар рафт, рӯи ҳавлӣ баромад. Намедонист чӣ ғоти шаб буд, шаб пухта ё на. Осмон пурситора, рӯ ба ситораҳо овард. Дар осмон ҳар кас ситора доштааст, аммо ситораи ӯ ку? Бо худ ҳарф мезад, боди сард лаби домани куртаи ҳарири сафеди ӯро ба банди пойҳояш мепечонд, назарашу ситораҳо. Онҳо беҳисоб, яке камнуру дигаре пурҷило, зебо, нурафшон. Кадоми ин ситораҳо ситораи ӯ? Ситорае бисёр дурахшон, дар наздикаш ситораи дигаре чашм мерабуд. Дар тасаввури Лутфия он ситораи Фахрӣ. Онҳо ду ситораанд, боз шунидааст, ки одам аз дунё гузарад, ситорааш ҳам аз осмон канда мешавад. Ситораҳои онҳо чӣ? Шояд пагоҳ?.. На, на, боз як рӯзи дигар муҳлат.
Лаби ҷӯи об рафт, ки аз миёни ҳавлӣ мегузарад. Шаб хомӯш, садои шилдирроси об. Аз куҷое, аз шохаи кадом дарахт хониши парандае меомад, садои қум-қуми кабӯтарон аз лаби боми ҳамсоя. Шаби салқину гуворо. Ин қадар зебо дунё.
Дари хона садо дод. Модар алахон шуда, аз паси вай баромадааст.
– Лутфия, Лутфияҷон.
– Лаббай, оча.
– Чаро хоб намеравӣ?
– Хобам намебарад, хобамро шумо гирифтед, оча, шумо.
– Ин хел нагӯй, бачам, зиқӣ накун.
– Хурсандӣ кунам?
– Худо намехостааст, бачам, ҳама кор дар розигии Парвардигор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё