Ишқи сархӯр

Сархӯр ҳикоят кард. Модар фаҳмид, вале хомӯш намеистод.
– Чаро вайро ба хона овардӣ? Агар як кору гап шавад, ба бало мемонем, бо сӯхтан пок намешавем, ҷавобгар мешавем.
– Нафас мекашад, нолиш дорад.
– Ҷонша даст гирифтӣ, хуб кардӣ, ба милиса хабар медодӣ, духтур мебурдӣ.
– Гап бисёр мешуд, оча, кӣ гуфтааст, ки ман духтарро наҷот диҳаму дигарҳо вайро соҳиб шаванд. Ақлат кам шудааст, оча?
– Ман намедонам ту чӣ мехоҳӣ, лекин гап бисёр мешавад.
Чароға пештар биёр, – фармуд модар.
1
– Свет дар9F нагирифтааст?
– Намедонӣ ки қариб ними шаб свет мешавад.
Модар дар равшании лампаи карасинӣ медид, ки куртаи духтар дар танаш лах-лах дарида, тоқиаш якнима, бо сӯзан онро ба мӯйҳояш андармон карда будааст. Назари кампир ба гарданбанду марҷон, дастпона, ангуштариҳои тиллоӣ афтода тарсид.
– Ин чӣ гап, бачам? Сар то қадамаш дар тилло таре. Ин духтар духтари ягон калоншаванда ё ягон бойбово аст. Аз тиллоҳояш тарсидам. Ҳоло бачам, як кор мекунем.
– Чӣ кор?
2
– Тилловориҳояшро буҷо10F мекунам.
– Таги ҷо мезанӣ?
– Э нее, ин хел нагӯй, бачам, тиллоҳояш ба худаш насиб кунад. Лекин ман мегӯям, ки агар ҳамин ҳоло милиса ё духтур биояд, барои тиллоҳо чорчангола ба вай мечаспанд, бардошта мебаранд.
– Ҳуши ман ба худаш кашол.
– Беақл нашав. Ворисонаш ҳам, ки пайдо шаванд, аз мо тиллоҳоро мепурсанд. Тилло барои одам бало, дарди сар.
Кампири Санам зиндагидида, умрашро хӯрдааст, роҳи рафтанашро медонад, дӯстро аз душман фарқ мекунад, аз пастию баландиҳои дунё бохабар. Як пора нони хушкро дар
1 Чароғи барқ
2 Пинҳон об тар карда мехӯранду орому осудаанд, ина бинед, ки бачаи беақл ба сарашон чӣ бало овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё