Ишқи сархӯр

– Ман ҳамроҳатон меистам, амак. – Тарафи ҳамроҳонаш даст боло кард, «хайр» гуфт. Баъд интизорӣ сар шуд, на ягон мошин, на автобус. Истгоҳ беодам монд.
Онҳо хеле дер ба деҳа расиданд. Сархӯр дар назди хонаашон аз мошин нафаромад, ҳамроҳи амак то хонаи онҳо рафт, ҳамроҳ бо ӯ борҳоро фаровард, ҷо ба ҷо кард. Баъд ҳар қадар, ки Нигораю падараш хоҳиш карданд, ки шишта чой хӯрад, қабул накард. Нигора ӯро то назди дарвоза гусел намуд. Чанд лаҳза зери дарахти тути назди дарвоза истоданд. Дар шабӣ ҳама ҷо ором, хомӯшӣ, хомӯшие, ки Нигораю Сархӯр тапиши дили беқарори ҳамдигарро мешуниданд. Ҳарду паҳлуи ҳам истодаю хомӯш. Чӣ гӯянд? Забони Нигора пеш намерафт, ки чизе гӯяд, Сархӯр ҳам сокит. Ситораҳо, ки дар осмони дур дурахшонтар гашта буданд, гӯё Нигораро талқин доштанд, то ба сухан ояд, хомӯширо бишканад, мавриди муносиб, ҳарфҳои кайҳо боз дар дил нуҳуфтаашро ба забон орад. Охир, меҳраш дер боз дар дили духтар, баъде, ки Сархӯр аз даруни алов берунаш овард, баъде, ки боз бисёр некиҳо дид. Ҳамин ҳоло ҳам падари ӯро аз чӣ носозгорие раҳонда хона овардааст. Дар ҷавоби ҳамаи ин Нигора ба вай чӣ бигӯяд? Ҳарфҳои дилашро? Кадом духтар рӯ оварда, ин гапҳоро ба хостааш гуфта тавонистааст? Аммо Сархӯр чаро аз дили ӯ бехабар?
Ҳоло ҳам, ки паҳлуи ҳам истодаанд, забон намекушояд, ягон чӣ намегӯяд. Чаро хомӯш аст? Ниҳоят, ба забон омад Сархӯр, овозаш баланд шуд. Чӣ ҳарфе гуфт? Ҳарфе, ки Нигораро хиҷил сохт. Ҳарфи сард, «хайр» гуфту рӯ ба роҳ шуд. Ҳарфи «хайр» дар гӯши Нигора монд.
Ҳусну ҷамоли Нигора дар мактабу дар деҳа овоза. Ҳатто
бачаҳои деҳаҳои ҳамсоя ҳам дар орзуи дидани ӯ. Харидораш
зиёд. Бисёр ҷавонон назди волидайн шарт монда, ки агар Нигораро надиҳанд, дигар зан намегиранд ё сарашонро гирифта,
ба Россия мераванду дигар намеоянд. Дар роҳи мактаб ҳам
бачаҳо дар интизораш, ки як назар ӯро бубинанд, аз пасаш
кашола, гап партофта шӯхиҳои беҷо мекарданд. Бо ҳар
баҳона гирди ҳавлии онҳо това зада мегаштанд. Як бачаи бадахлоқи деҳаи Болооб гӯё пушти дарвозаи онҳоро иҷора гирифта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё