Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

На, интизори ба саҳар омадани шаб намешавад, ҳал накардаанд, онҳое, ки дар даруни кулба фориғ аз ғаму алам масти хобанд, бедорашон мекунад, курпаро аз болои шавҳараш гирифта мепартояд, Лутфия як духтари модар не.
– Хез, хез, мардак! Хоб нагӯ, Лутфия гӯ! Ҳамаатон хезед, ба роҳ мебароем, дигар тоқатам намонд, наметавонам, дилам мекафад, мемирам, хезед, ҳама хезед! – модар дар шабӣ ҳамаро ба по хезонд.
Аммо дар дами дарвоза ба ҳодисае дучор омаданд, ғайриинтизор. Дарвоза аз дарун қулф буд, қулфро кушоданд. Вале ҳарчанд табақаҳои дарвозаро тела медоданд, боз намешуд.
Гӯё дар пушташ тамба партофтаанд. Тела медоданду тела.
Дар ниҳоят аз паси дарвоза садо хест, нолиши бача: «Назанед, мана набаред, бобома ман надидам, намедонам, бобоҷон нестанд».
– Истед, як тараф истед, – бобои Ӯзбакхоҷа бо шунидани овози набера худашро гум кард. «Фирӯз? Вай дар инҷо чӣ мекунад? Чӣ хел омадааст?» Бо тааҷҷубу ҳайронӣ пеш омад. – Фирӯзӣ, бачам? Ту Фирӯзӣ?
– Ҳа, бобо, ман, ман Фирӯз.
– Дар ин шабӣ чӣ хел инҷо омадӣ?
– Омадам, бобо, шуморо хабар диҳам гуфта омадам, бобо.


Қарибиҳои офтобшин, вақте ки болои бому дару дарахтон
ва рӯи ҳавлиҳо соя афтода буд, Гулрез аз милисахона баргаштааст. Ҳамроҳаш се-чор нафар муфаттишони милиса. Мебинанд, ки дарвоза кушода, ҳавлӣ холӣ, одамони Гулрез
мегуфта ку? Қулфи дарро шикаста баромада рафтаанд. Гулрез
хиҷолатзада, гунаҳгор. Ба сари фарзандон, Қуръони Карим,
рӯҳи бузургон, савганд хӯрда, ба ҳамроҳони бо худ оварда
мефаҳмонд, ки ҳама дар ҳамин ҷо, дар ҳавлӣ буданд. Аз рӯи
шаҳодати се нафар хурдсоле, ки Гулрез онҳоро ба посбонӣ
гузошта буд, бобои Ӯзбакхоҷа омада, наберааш Фирӯз қулфро шикаста.

пешина
аз 234
навбатӣ