Дили Ойинабанд

Бузургмеҳри Тоҷиддин
Боре агар салом диҳӣ, зинда мешавам,
Аз омадан паём диҳӣ, зинда мешавам.
То марг омадан, ки бимурдам зи рафтанат,
Бо дасти хеш ҷом диҳӣ, зинда мешавам.
Беҳтар зи моҳ ҷилвакунон рӯйи боми ман
Нури дигар ба шом диҳӣ, зинда мешавам.
Он қиссаҳои ошиқии асри пешро
Дар асри нав давом диҳӣ, зинда мешавам.
Сад шеър баъди рафтани ту нотамом монд,
Як шеърро тамом диҳӣ, зинда мешавам.
Меҳри Бузургмеҳр бузург аст то ҳанӯз,
Боре агар салом диҳӣ, зинда мешавам.
Фасли сабзу зард дорад зиндагӣ,
Рӯзи гарму сард дорад зиндагӣ.
То ки мо бар қадри як Сино расем,
Сад ҳазорон дард дорад зиндагӣ.
То ки мо фаҳмем занро хубтар,
Марду ҳам номард дорад зиндагӣ.
Рӯйи моҳаш нури поки шабфурӯз,
Рӯйи роҳаш гард дорад зиндагӣ.
Неъмати ӯ гоҳ ҳасту гоҳ нест,
Бурду ҳам овард дорад зиндагӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё