Дили Ойинабанд

Дили ойинабанд
Маро кобӣ, вале ҳар гаҳ наёбӣ,
Зи рӯзу шаб ба меҳру маҳ наёбӣ.
Нағунҷам ҳеҷ дар роҳу нигоҳат,
Ки чун кӯҳ астаму чун каҳ наёбӣ.
Бурун аз чашми ту ахтар нахоҳам,
Ниҳон аз он нигаҳ озар нахоҳам.
Ба ғамҳои ту одат кардам он қадр,
Ки шодӣ аз каси дигар нахоҳам!
Рухашро моҳ гуфтам, дар шабам нест,
Ба пешонӣ кафи ӯ дар табам нест.
Зи талхиҳои умрам шиква дорам,
Лабашро қанд гуфтам, дар лабам нест.
Ба Афзалшоҳ ҳар дил ошён аст,
Ба Афзалшоҳ танҳо дил ҷаҳон аст.
Ҳазорон сол дар чашмони тақдир
«Ҷавонӣ рафт!» гуфту худ ҷавон аст.
Дигар набвад дубайтихонии ман,
Ба пойи ту ҳама сармонии ман.
Хатамро, ки набинвиштӣ ҷавобе,
Бихон акнун хати пешонии ман...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё