Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дили ойинабанд

Хаёли хуфтаам хезад, ки марг аст.
Баҳорам рафту омад тирамоҳам,
Ҷавонӣ сахт бистезад, ки марг аст.


Нишинам дар лаби дарёи Варзоб
Канори духтари зебои Варзоб.
Ба дарёи дили ҳам ғарқ гардем,
Намояд рашк бепарвои Варзоб.


Туро ойинаам зебо шиносад,
Ба ҳусни хештан якто шиносад.
Маро бо дарди ту бишнохт гӯре,
Туро бо шеъри ман дунё шиносад.


Маро аз ғуссаву ғам мераҳонӣ,
Маро ҳатто зи ман ҳам мераҳонӣ.
Дар оғӯши кушодат ҷон диҳам, кош,
Ки аз тангии олам мераҳонӣ.


Бихон ҳар мисрае, ки ман навиштам,
Дар он пайдост рози сарнавиштам.
Ту чун африштаиву пеши ман мон,
Ки ман як зодаи урдубиҳиштам...


Насибам шуд, ки оям манзили ту,
Ба поси қимати обу гили ту.
Миёни Панҷакенту Панҷ, эй дӯст,
4
Бувад роҳ аз дили ман то дили ту!

4
Барои шоир Садриддин ҲАСАНЗОД

пешина
аз 39
навбатӣ