Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин


Зи дил беҳ гуфтаӣ бому дареро,
Зи сар беҳ дидаӣ симу зареро.
Зи ман бигзаштанат кори хато нест,
Агар аз ман биёбӣ беҳтареро.


Хазон кардӣ маро, гарчи баҳорӣ,
Чӣ дорӣ, гар муҳаббатро надорӣ.
Агар безорӣ аз номи ман имрӯз,
Варо фардо ба фарзандат гузорӣ!


Биё, сабри гаронамро бубахшам,
Нигаҳ кун, дидагонамро бубахшам.
Ба сӯям пештар аз марги ман ой,
Дилам бо туст, ҷонамро бубахшам.


Ту эй шӯри дили дарёии ман,
Биё, к-охир шавад раҳпоии ман.
Маро то як нафас танҳо намонӣ,
Вафо омӯз аз танҳоии ман.


Сухан аз Рӯдакӣ оғоз дорад,
Ба дил аз дил раҳи парвоз дорад.
Нагардад куҳна ҳарфи Рӯдакӣ ҳеҷ,
Ҳазоронсола ин эъҷоз дорад.


Ду чашмат осмони каб-кабуд аст,
Маро танҳо дар он асли вуҷуд аст.
Дили ойинабандамро нигаҳ дор,
Ки аз ойинаи дасти ту будаст.

пешина
аз 39
навбатӣ