Дили Ойинабанд

Дили ойинабанд
Маро умре бувад бо худ ситеза,
Қароре нест бо бахти гуреза.
Туӣ бо дигаре дар кӯча хандон,
Зи оҳам нам шавад чашми тиреза.
Шабе чун маҳ намехуфтӣ, чӣ мешуд?
Ҳадиси нур мегуфтӣ, чӣ мешуд?
Ба қасди рӯзгоре, ки зи ман рафт,
Агар аз ман намерафтӣ, чӣ мешуд?
Ту хушному маро бадном будан,
Ба пеши себи рӯят хом будан.
Зи нокомии ман гар комронӣ,
Бихоҳам то абад ноком будан.
Лабат аз ваъдаҳои хом гӯяд,
Ба роҳат гул зи ашкам гарчи рӯяд.
Намебудам ба рӯйи даҳр, эй кош,
Каси нобударо чашми ту ҷӯяд.
Ҳамон гумгаштаро мекобам имрӯз,
Зи соат пештар биштобам имрӯз.
Ба фардоям қасам, дурӣ наҷӯям,
Агар он моҳрӯро ёбам имрӯз.
Дили бо ғайр шодатро бубахшам,
Накардӣ ёд, ёдатро бубахшам.
Хатои бехатоии маро бахш,
Хатоҳои зиёдатро бубахшам.
Бузургмеҳри Тоҷиддин
Барои ҷон танатро хостам ман,
Ба ашкам доманатро хостам ман.
Барои ҳалқаи дастони кӯтоҳ
Зи гардун гарданатро хостам ман.
Майи сурхи лабонатро бинӯшам,
Дар оғӯшат шавам обу биҷӯшам.
Ду чашматро агар аз ман бипӯшӣ,
Ду чашмамро зи ду дунё бипӯшам!
Ба ту дигар шикоят ҳам надорам,
Ба лаб номи туро, асло, наорам.
Маро бигзоштӣ танҳо ба олам,
Ки оламро кунун танҳо гузорам.
Биё, ки меравам бо роҳи дарё
Зи домони фарохи дашту саҳро.
Ба чашми ман биё имрӯз, имрӯз,
Ки фардо меравам аз чашми дунё.
Маро бе хоки пойи ту саре нест,
Ба ҷуз чашму дилат бому даре нест.
Бихондам шеър дар дунё ҳама умр,
Ба мисли бӯсаат шеъри таре нест.
Ба мисли зиндагӣ гарчи шитобам,
Туро бо худ дар ин дунё наёбам.
Ту бо дирӯз дигар барнагардӣ,
Ман аз имрӯзу аз фардо бикобам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё