Дили Ойинабанд

Дили ойинабанд
Маро ҷӯ аз хатои худ, ки ёбӣ,
Зи хоки зери пои худ, ки ёбӣ.
Наёбӣ гар, шаби Ялдо нишин зор,
Як ахтар аз самои худ, ки ёбӣ.
Маҷӯ дар ман нишоне аз ҳавасҳо,
Ки ҳар як рафт охир бо нафасҳо.
Шавам кай такягоҳи қиблагоҳам,
Ки дорам шарм аз кори чигасҳо…
Бимон дар пои гардун бар сари ман,
Бимон ҳамтои гардун бар сари ман.
Ба пои ту, ки дар ҷои заминам,
Бимон дар ҷои гардун бар сари ман.
Ба рӯз, эй офтобам, дар куҷоӣ?
Ба шаб, эй моҳтобам, дар куҷоӣ?
Гаҳе бо зиндагонӣ, гоҳ бо марг
Ду дунёро бикобам, дар куҷоӣ?
Хатоҳое, ки кардам, мешуморам,
Сари роҳат нишаста, тавба дорам.
Гули рухсораҳоятро наорад,
Дареғи омаданҳои баҳорам.
Маро монандаи дарёст рафтан,
Аз ин дашту аз ин саҳрост рафтан.
Зи ту то ёри дигар рафтани ман
Аз ин дунё ба он дунёст рафтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё