Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин

"Азбаски кори нағз
Якбора ёфт шуд,
Чандин маҳи дигар
Ин ҷой истодани ман хуб мешавад"...

ШИКВА АЗ ХУД

Ба ҷойи он ҳама дар пойи ту сар хам намуданҳо,
Ба ҷойи сад дари дилро ба рӯйи ту кушуданҳо,
Ба ҷойи он ҳама дар фикри пайванди ту буданҳо...

Худоямро суҷуде менамудам, гар,
Ба рӯяш як дари дилро зи сидқам мекушудам, гар,
Ба роҳи васли Ӯ пойи хаёлам мебисудам, гар...

Намерафтиву лутфи Ӯ намерафт аз ҷаҳони ман,
Ба девори пушаймонӣ маро кай такя буд ин тан,
Ба ҷони хеш кай будам чунин душман...

Туро якто ҳамегуфтам,
Вале эъҷози он Якто намегуфтам.
Намедонам, чи шуд акнун, чи суд акнун, даме гуфтам...

ХУЛОСА

Замоне гуфт устоди хирадманде,
Ки аз маймун нагардидем пайдо,
Агарчанде ки Дарвин гуфт!
Вале гар зиндагӣ рафтан бигирад бо ҳамин ҳолаш,
Зи мо пайдо шавад маймун!

пешина
аз 39
навбатӣ