Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин

БАҲО

Дар забони айбҷӯён
Пири Рӯдак қарматист,
Пири Тӯсӣ шиамазҳаб, ё ки зардуштист,
Бӯалӣ Синост кофар,
Носири Хусрав зи мазҳабрафтаест,
Аҳмади Дониш насорост,
Айнии аллома бурд аз мо хати бигзаштагонро,
Ҳаст Турсунзода маддоҳи замони шӯравӣ,
Ҳаст Лоиқ бодахоре...

Во аҷаб,
Во ҳайрато!
Рӯзи фардо
Ин мани кӯчак кӣ бошам дар забони айбҷӯён...

БУДАН...

Бо ту будам,
Шод будам.

Дар фарози чашмҳои осмоният
Кафтари озод будам.

Роҳи бахтам сӯйи ту мебурд,
Бод будам.

Як само фарёдрас будӣ,
Як замин фарёд будам.

Шоҳ будӣ,
Кишвари обод будам.

Бо гуноҳи дӯстдорият
Бегунаҳ чун кӯдаки навзод будам.
Дили ойинабанд

ТУВУ МАН...

Туву баҳори пур аз бӯ,
Ману хазони пур аз сӯз.

Туиву хандаи хуршед,
Ману фиғону гиряи дарё.

Туиву ёри наву тахти бахту умри дароз,
Манам ва мурдану дунёи дигаре дар пеш.

Туиву шодии дидор,
Ману сигору шаробу суруди Аҳмади Зоҳир.

Туиву рӯзи сафед,
Ману шаби сиёҳ.

Туву тамоми мардуми дунё,
Ману худам...

ПАЁМИ ДУБОРА

Баъди се соли ҷудоӣ
Ногаҳон дар сеюмин дунё, ки дунёи маҷозӣ ном бигрифтаст,
Ӯ ба монанди фаришта
Аз муҳаббат, аз садоқат сад паёмам дод...

Сад савол аз рӯзгорам дод:
"Зан гирифтӣ?,
Мисли ман зебост оё?,
Номи ӯ чист?,
Дӯст медорӣ варо монанди ман, ё не?,
Ту магар фарзанд дорӣ?,

пешина
аз 39
навбатӣ