Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин

Ин зимистон домани бебарфро афшонду рафт,
Баски бошад барфи дарду ғусса бар мӯи падар.

Рӯзу шаб хуршеду маҳ бар сӯйи ӯ сар хам кунанд,
Кай равам аз дурҳои дур бар сӯи падар?!

Динаю имрӯз дунё як ҳақиқатро надид,
Чашми дунё нест, охир, чашми ҳақҷӯи падар.

Сад ҳазорон шеъри ман андар китоби зиндагист,
Сад ҳазорон шеър аз як ҳарфи некӯи падар...


Бо пайраҳаи баҳор зуд омаду рафт,
Як фасл ба ин диёр зуд омаду рафт.

То омаданаш нафасшуморӣ кардам,
Он лаҳзаи беқарор зуд омаду рафт.

Танҳо нафасе, ки бахтёраш будам,
Бар даст чу ихтиёр зуд омаду рафт.

Дунё, ки супурд дил ба ӯ, рафт зи худ,
То бар мани ҷонсупор зуд омаду рафт.

Бо моҳу ситораҳои шаб бедорам,
Чун хоб ба чашми чор зуд омаду рафт.

Як фасл Бузургмеҳри ӯ будам ман,
Бо пайраҳаи баҳор зуд омаду рафт…
Дили ойинабанд


Ҳар гаҳе бе ман бимонӣ, дар ғами ман гиря кун...
Устод ЛОИҚ

Ман хок шавам, чу осмон гиря бикун,
Бар мондани дил, рафтани ҷон гиря бикун.

Сар монда ба остони ту, мемирам,
Дастат ба сарам, дар остон гиря бикун.

Ман пир шудам, вале дилам кӯдак монд,
Бар кӯдаки бо сад ормон гиря бикун.

Норафта ҷавониям, биёмад пирӣ,
Эй сабзбаҳор, то хазон гиря бикун.

Умрам ҳама дар пойи ту бо гиря гузашт,
Дар пойи ҷудоӣ ончунон гиря бикун.

То гӯр барам ишқи туро ҳамчу савоб,
Он рӯз ту бо чашми ҷаҳон гиря бикун...


Азизи дур, бигӯ, бо баҳор меойӣ?
Ба чашмҳои туро интизор меойӣ?

Ҳазор субҳ ба ҷойи ту офтоб омад,
Ба ҷойи моҳ ту як шоми тор меойӣ?

Тазодро, ки надонам, ғами ту шодиям аст,
Ба поси ин ҳама сабру қарор меойӣ?

Хумори омаданат бо умеди дур омад,
Нишастаам ба таги шаҳчанор, меойӣ?

пешина
аз 39
навбатӣ