Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Динакак Давлати Советии мо
Аз замин ронд муфтхоронро,
Бо хату мўҳри одилонаи худ
Кард хушбахт ҷумла деҳқонро.

Ба раҳогашта батракони диёр
Аввалин бор фасли деҳқонист,
Арақи соф дар замини худ
Мавсими рехтан зи пешонист.

Парча-парча замини сабз ба чашм
Буд мисли палоси серямоқ,
Дар китоби саодати халқӣ
Бувад аммо чу хатти заравроқ.

Дараи танг рў ба рў омад,–
Дараи хушҳавои ман,– Қаратоғ,
Ин дара дошт солҳои сол
Дар дилаш кўҳ - кўҳ дарду доғ.

Ин дара дорад аз замони қадим
Дар бағал меваҳои хушбўе,
Ноку ангуру пиставу гелос,
Ҷангали арчаҳои худрўе.

Чашмаҳои зулоли пурҷўшаш
Мисли оинаи булур буванд,
Дар тамошогаҳи табиати он
Кабкҳо масту пурсурур буванд.
Дар ҳамин ҷо бувад таваллуди ман –
Дар лаби рўди осмониранг,
Дар таги бомгўшаи бедар,
Дар паси остонаи аз санг.

Дар ҳамин тангно шинохтаам
Аввалин бор ман бародари рус.
Аввалин бор дидаам бо чашм
Лашкари сурху солдати дилсўз.

Аввалин бор ҳарфи русиро
Ман навиштам ба рўйи хатбаракам,
Сухани «адл»-ро ба гўши худ
Аввалин бор доштам маҳкам.

Дар лаби ҷўй чойхонае буд
Аз барои мусофирони роҳ,
Дар ҳамин ҷо аробаи худро
Ҳасани аспбоз дошт нигоҳ.

Дар лаби оби ҷўйи роҳатбахш
Дам гирифтем, хоб ҳам кардем,
То ба салқинии шаб осуда
Аспро пеш ронда раҳ гардем.

Ногаҳон чанг хест аз мағриб,
Гирдбоде ба осмон печид,
Аз қафо дуди ғафс сар дода
Гашт як хонаи раванда падид.

пешина
аз 143
навбатӣ