Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Ҳасан аз нос карда пур кафро
Ба даҳон рехт, аспро «чу!» гуфт,
Чашм ноканда аз раҳи вазнин
Аспро рондаву ҳеҷ нахуфт.
Гоҳ мекард аспро таъриф,
Гоҳ мегуфт қиссаҳои латиф,
Гоҳ шўрида месуруд баланд,
Гоҳ оҳиста бо садои хафиф.
Гуфт, ки «ин саманди зотии ман
Ҷонвари меҳрубон, вафодор аст,
Ба сарат гар мусибате ояд,
Беҳтарин мўнису мададгор аст.
Аспи зебои ман, саманди ман
Дар ҷаҳон яккаву ягона бувад.
Аз ҳамон Рахши паҳлавон Рустам
Охирин нусхаву нишона бувад.
Хизмати бойро, ки мекардам,
Аспам он вақт хурд тойча буд.
Парваридам ба дасти худ онро
То замоне, ки аспи зотӣ шуд.
Ҳар як аз номдор човандоз
Ҳаваси ин самандро мекард,
То дарорад ба дасти худ онро
Чораҳо ҷуста, ҳилаҳо мекард.
Бой мехост, ки ба босмачӣ
Аспро пешкаш кунад рўзе,
Дар дилам аз шунидани ин гап
Даргирифт оташи ҷигарсўзе.
Рафтам оҳиста шаб ба пеши асп
Бо таваккул ба он савор шудам,
Зада қамчин, лаҷом сар дода
То саҳар вориди Ҳисор шудам.
Музди якчандсола хизмати ман
Аз ҳамон судхўр ҳамин асп аст.
Чор сол аст, ки аробакашӣ
Ба худи ман, ба аспи ман касб аст»
Пешпо хўрд асп, « Чу, ҷонвар!»
Гуфту бубрид нақли хеш Ҳасан.
Шафақи лоларанги вақти саҳар
Мебаромад ба рўйи дашту даман.
Ба сари қуллаҳои кўҳи Ҳисор
Оташи нури офтоб дамид,
Аз дару бомҳои деҳқонон
Дуди борик дар ҳаво печид.
Менишастанд мурғҳо ба замин
Аз дарахтон ба фикри донаву об,
Мекушоданд баччаҳои шўх
Чашми зебои содаро аз хоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё