Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳеҷ гоҳе надошт тарсу ҳарос
Ҳасан аз гармселу боди сард.
Дар ҳама ҳол худ ба худ мегуфт:
«Мард бояд мудом бошад мард».

Ба сараш монда лабшикан тоқӣ
Ҳасани мо ғами зиёд надошт,
Набароварда мўйи лаб, худро
Дар сафи мардҳо ҳамепиндошт.

Дошт дар дил Ҳасан таманное,
Ки чунин аспи бодпо дорад.
Ҷуфт карда аробаро ба саманд
Ин қадар сайру гаштҳо дорад.

Ба гумонаш, ки ҳеч махлуқе
Нест аълотар аз саманди ў.
Гар бихоҳад, аз осмон ояд
Тезпар боз ҳам ба банди ў.

Гар нишинад ба асп, дар наздаш
Бодро, раъдро мутеъ кунад,
Бағали танги кўҳсоронро
Аз қадамҳои худ васеъ кунад.

Гар ба сағрии аспи оламгард
Аз сари шавқ тозиёна занад,
Ба рухи моҳу офтоб Ҳасан
Даст гўё, ки ғолибона занад.
Асп – зотӣ, ароба – қўқандӣ,
Дар бадан дошт чакмани моҳут,
Шахси танҳову як сару ду гўш
Ҳамаи давлати Ҳасан ин буд.

Менамуд ў гумон, ки танҳоӣ
Ба кас аз ҳар чӣ ҳаст, афзалтар,
Сари танҳо ҳамеша озод аст
Аз ғами рўзгору хонаву дар.

Ба куҷое, ки ихтиёр кунад,
Меравад бемалол, бе пурсиш,
Дар куҷое, ки афтаду хезад,
Касе ўро намедиҳад ташвиш.

Гарчи худ як каси муҷаррад буд,
Дўст медошт тўй хўрданро.
Дар ароба савор карда ба тўй,
Қўша-қўша арўс бурданро.

«Нақшҳои калон»- и мардонро,
Рақси мавзуни наварўсонро,
Пойандоз паҳн карданро,
Чашмакӣ кардани ҷавононро.

Гирдгардии гирди гулханро,
Ғазал аз духтарон шуниданро,
Аз таги пайи келину домод
Тангаву қандалот чиданро.

пешина
аз 143
навбатӣ