Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Як мақолест, ки чунин гўянд:
« Дави гўсола аст то каҳдон»
Худписандӣ натиҷаи хомист,
Адаби хешро нахўрдаст он.

Ў гумон мекунад, ки якка худаш
Борбардори мамлакат бошад.
Пеши чашми ҳама калону хурд
Гули сурхи сари сабат бошад.

Хом тушбераро, писар, машумор,
Гир ин пилтаро зи гўши худ,
Чун пушаймон шавӣ, пушаймонӣ,
Додари ман, дигар надорад суд!

  • Нестам аз ту ман забонкўтоҳ,
    Пўш барвақттар даҳонатро!
    Ҳасан оё саги туро «тур» гуфт,
    Ё ки кардаст нима нонатро?

Ман ба роҳи худам, ту ба роҳи худ,
Машав аз ман, йигит, домангир,
Аспи олампаноҳро кардаст
Ба мани камбағал Худо тақдир.

Девкор аст аспи зотии ман,
Заррае ҳам ба нўги нохуни он
Аспҳои дигар намеарзанд.
Рашкат ояд агар, қаламфур мон.
Чакманашро Ҳасан гирифта ба кифт
Гуфт, ки: – Вақт рафт, субҳ дамид,
Суҳбати мо кашол ёбад агар
Бештар мешавем сурху сафед.


Дар саройи нави аробакашон
Дар таги сершоху барг чанор
Рафтуо доштанд беором
Тўда-тўда аробаҳои қатор.

Мардуми мо аробаро он вақт
Беҳтарин нақлиёт медонист.
Ў гумон менамуд, ки ҳаргиз
Бе ароба наметавонад зист.

Дар миёни аҳолии кишвар
Буд номи аробакаш машҳур,
З-ин сабаб ҳам нагаштааст ҳанўз
Ҳасан аз лавҳи хотири мо дур.

Мардуми водии Ҳисор онро
Ҳасани аспбоз мегуфтанд.
Аҷали роҳҳои пурхатару
Ҳар нишебу фароз мегуфтанд.

Аз пайи корҳои боркашӣ
Ҳафтаву моҳ бедарак мерафт.
Гаҳ барои карасину гўгирд
Гаҳ ба овардани намак мерафт.

пешина
аз 143
навбатӣ