Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин парастандагони молу зар,
Дўстдорони хокҳои дигар
На фақат золиманду ҷаллоданд,
Балки ҷосусҳои устоданд.
Бандагонро бародарон гўянд,
Ҳабсу зиндон – даминион гўянд…
Беҳтараш ин ки ҳар ду хоб кунем,
Тарки ин фикри пуразоб кунем.
Сафари мо ҳанўз дар пеш аст,
Тай нагардида роҳи мо беш аст.
1948
ДУ РОҲ

Сар шуд ин парвози мо аз роҳи дур
Рў ба сўйи кишвари иқболу нур,
Мепаридем аз сари чандин диёр
Рў ба сўйи сарзамини навбаҳор.
Мепаридем аз сари роҳи қадим,
Роҳи чандинасраи пурхавфу бим –
Роҳи Қуръону Мадоин, роҳи дин,
Роҳи зарҷўяндагон то Ҳинду Чин,
Роҳи Фиръавну раҳи пайғамбарон,
Роҳи Нилу Даҷлаи аз хун равон,
Роҳи чандинасраи ғоратгарӣ,
Роҳи нангорандаи одамхарӣ.
Мепаридем аз сари чандин диёр,
Аз сари Байтулмуқаддас шуълавор,
Аз сари хоки Фаластину Ироқ–
Дашту саҳроҳои майдони нифоқ.
Мепаридему фазо хомўш буд,
Моҷарое дар замин пурҷўш буд.
Моҷарое буд дар ин сарзамин
Аз барои пахтаи абрешимин,
Моҷарое дар сари рангин фузул,
Аз барои ҳукмронию нуфуз.
Бўйи бензин, нефт аз ин баҳру бар
Меравад то қитъаҳои бохтар,
То дари контори Уолл-стрит
Мебарад аз ганҷу маъданҳо «навид».
Меравад бо абрҳои осмон
То паси уқёнус – он сўйи ҷаҳон.
Меравад, меорад аз иқлими дур
Бар сари ин сарзамин иғвою шўр.
Дар Ироқ оварда он бисёрҳо
Коммунистонро ба рўйи дорҳо.

пешина
аз 143
навбатӣ