Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар тараф ганҷҳои бемиқдор,
Пурбаҳо нефт – конҳо бисёр.
Дидаам тўдаи ғуломонро
Пою сарҳо бараҳна инсонро,
Писару духтарони бекасу кўй,
Арабу форсҳои маъвоҷўй.
Чун ба болои сар маро диданд,
Ҳама шодон ба ман дарафтиданд.
Чор ҳарфи навиштаро хонданд,
«СССР!»-гуфта дар забон ронданд.
Ин суханро майор чун бишнид,
Ранги он мисли коҳи гил коҳид.
Наъра зад чун паланги дарранда
Ў сўйи ҳар ғулому ҳар банда.
Кард бо нўги тозиёнаи худ
Пушти бечорагон сиёҳу кабуд.
Гуфт:– «Ин моли болшевикон аст,
Бинадаш ҳар кӣ номусулмон аст!»
Сахт дар қабзи худ маро афшурд,
Наздат оварду бо адаб биспурд».
Кард аз пушти дар касе шавқун,
Ки: «Наяфшурдаам туро, бас кун!»
Мо дари хона зуд во кардем,
Нигаҳ аз пушти беҳаё кардем,
Ҳар ду дидем, ки ҳамон майор
Меравад хашмгин дар коридор.
Гуфтам: –Ин шахс кард ҷосусӣ,
Мезанад гап шикаста бо русӣ.
Дўстам Ахвледиани маро
Хуб фаҳмиду гуфт дар дунё

пешина
аз 143
навбатӣ