Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дидаӣ оё ту ба чашми аён
Мўъҷизаи кишвари Ҳиндустон?
Ҳеҷ магар дидаӣ дар умри худ
Боғи муааллақ чу гилеми кабуд?
Санъати дар нозукӣ нозуктаре,
Духтаракони ба мисоли парӣ?
Мутриби моҳир зи дили мириданг
Мебарад оҳанги фиғонро ба чанг.
Сохта аз нуқраву зар косаҳо,
Дурру зар овехта раққосаҳо.
Кўчаю бозор пур аз морбоз,
Фолбину мардуми маймуннавоз,
Дар талаби нон шуда ҷамъе ҳалок,
Хастаю афтода гурўҳе ба хок.
Дида ман инро ҷигарам пора шуд,
Ашк равон аз бари рухсора шуд.
Ин ҳама дар кўчаи Калкатта буд,
Шаҳри пур аз ҳарзаву сафсатта буд.
Гарчи сари халқ шуд аз ғам сафед,
Пур бувад аммо дили ў аз умед.
Пайкари он гарчи чу хокистар аст,
Лек ниҳон дар дили ў ахгар аст.
Гарчи ба ғорат равад ин сарзамин,
Боз дар он ганҷи равонро бубин.
Меҳнати деҳқонписару коргар
Аз ҳама ашёи ҷаҳон муфттар.
Аз чӣ ҷавонон ҳама қоматхаманд?
Аз чӣ надоранд сари худ баланд?
Аз чӣ бувад шаҳр пур аз кўру ланг?
Аз чӣ сари мардуми мискин гаранг?

пешина
аз 143
навбатӣ