Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Ба нафъи ту равон дар ҷўй об аст,
Замин зархезу дурафшон саҳоб аст.
Барояд меҳр гарм аз қалби ховар
Барои диданат чун меҳри модар.
Шуда зикри забони халқ номат,
Ба ҳар ҷо менамоянд эҳтиромат.
Чаро номи ту Қодирпаҳлавон шуд?
Ба меҳнат чунки зўри ту аён шуд.
Туро имрўз чўянвор тан ҳаст,
Ду дасти кўҳкан, оҳаншикан ҳаст.
Ту аз даврону даврон аз ту розӣ,
Ватан дорад зи номат сарфарозӣ.
Чи гул кардаст айёми ҷавонет!
Чи хушбўй аст боғи зиндагонет!...
Ҳаёт он қадр неъматҳо расондат,
Ки дигар ҳеҷ камбудӣ намондат.
Бароят лек як чизи дигар кам,
Ки онро орзу дорад падар ҳам.
– Падар, гўед то фаҳмида гирам!
– Ту медонӣ, ки ман як марди пирам.
Ҷавонона намояд гарчи рўҳам,
Вале чун офтоби нўги кўҳам.
Ҳамехоҳам, ки дар тўят нишинам,
Шаби домодиятро ман бубинам.
Рухи шармини Қодир ногаҳонӣ
Ниҳон шуд зери ранги арғавонӣ.
Хаёлаш болу пар зад чун кабўтар,
Нишаст ошуфта рўйи боми дилбар.
Падар оё хабар ҳаргиз надорад,
Ки дар колхози худ ў ёр дорад?
Намедонад, ки ду дил бо як оҳанг
Ба домони муҳаббат мезанад чанг?
– Падар, монед ин гапҳои худро –
Ҳаминро гуфт Қодир, хест аз ҷо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё