Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳакимаш нимҷиддӣ гуфт: – Қодир,
Ба сўйи дилбари худ роҳ баргир!
Басе муддат, ки Қодир буд хуморӣ
Ба рангу бўйи садбарги баҳорӣ.
Ҳавои васли ҷононро ба сар дошт,
Рухи маҳбубро пеши назар дошт.
Дилаш мехост, ки чун боз ояд,
Ба пеши ёр бо парвоз ояд.
– Саодат! – гуфту Қодир кард сонӣ
Нигаҳ сўйи намуди осмонӣ.
Ба рўйи осмони беканора
Ҳазорон дид ў ҷуфти ситора.
Ситора ҷуфту мо тоқем мегуфт,
Ба васли ёр муштоқем мегуфт.
Чунин андеша ўро роҳбар шуд,
Ба сўйи мулк дар фикри сафар шуд.
Вале афсонае омад ба ёдаш,
Ки он афсона дарси тоза додаш:
– «Замоне аждаҳое дар ҷаҳон буд,
Ки аз ҷавраш халоиқ дар фиғон буд.
Гаҳе дар ғарбу гаҳ дар шарқ мезист,
Даруни хуни ноҳақ ғарқ мезист.
Ба баҳри ашки мардум буд шиновар,
Ба рўйи кўҳи сарҳо мезадӣ пар.
Дам аз фарёди тифлон ҳод мекард,
Дил аз қатли бузургон шод мекард.
Ба ҳар самте, ки мегардонд ў рўй,
Иваз мешуд ба мотам шодии тўй.
Фурў мебурд зинда духтаронро,
Ба рў гул, мўйсунбул дилбаронро.

пешина
аз 143
навбатӣ