Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон имсол ҳосил шуд фаровон,
Ки бинад кас дар он марги фашистон.
Ба монанди ту мо ҳам ҷанг кардем,
Барои фатҳи ту оҳанг кардем.
Падар мегўядат, ки нек фарзанд
Ман аз ту сад ҳазорон бор хурсанд.
Ту фарзанди азизу арҷмандӣ,
Ту чун аҷдодҳоят сарбаландӣ.
Туфангат гарчи афтодаст аз каф,
Басе ёрони ту рафтанд бар саф.
Ҷавонони советӣ бешуморанд,
Чу оби чашма поёне надоранд.
Ба роҳи марг чун афтод бадхоҳ,
Саломат ў намегардад аз ин роҳ.
Ту онро кардаӣ захмину беҳол,
Дигарҳо мекушандаш карда помол»
Даромад Қодир аз шодӣ ба бозӣ,
Ки аз ў ҳам падар, ҳам ёр розӣ.
Бигуфто: - «Гарчи хира дидаи ман,
Дилам шуд лек аз ин мактуб равшан»
Ҳаким аз ҷайб миқрозе баровард,
Ба Қодир баъд аз он гуфт: - «Эй ҷавонмард,
Кунун ман дидаатро мекушоям,
Туро озод аз ин ғам менамоям».
Ҳама як фурсате хомўш монданд,
Нафасро бастаю беҷўш монданд.

пешина
аз 143
навбатӣ