Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Микола асп ҳамчун шер меронд,
Ба душман пурзафар шамшер меронд.
Касе, ки хост хоки дигаронро,
Куҷо хоҳад саломат бурд ҷонро!
Касе, ки буд монанди паланге,
Гурехт аз шер чун рўбоҳи ланге.
Микола деҳаи худро нигаҳ кард,
Нигаҳ гўё ба дашти сип-сияҳ кард.
Ба ҷойи деҳа як вайронае дид –
Сарои дарду мотамхонае дид.
Баланд аз ҳар тараф чангу ғуборе
Сутуни дудҳои сўхторе,
Ба ҳар ҷо дор медиду расанро,
Ҳазорон ҷисми бегўру кафанро.
«Тамаддуноварони» олмонӣ
Чунин бигзошта аз худ нишоне…
Ба деҳ омад наҷоторанда лашкар,
Даромад офтобе, гўйӣ аз дар.
Гурўҳи одамони зулмдида
Ба чеҳра ашки хурсандӣ чакида,
Сипоҳи хешро оғўш карданд,
Шароб аз ҷоми меҳраш нўш карданд.
Микола ёри худро ҷустуҷў кард,
Даме бо ў хаёлӣ гуфтугў кард.
Равон шуд, то ки ёбад меҳрубонро,
Нишони беҳтар аз ҷону ҷаҳонро.
Ба ў гўяд ғами маҳҷурии хеш,
Азобу ранҷҳои дурии хеш.
Ба ў гўяд, ки ҷангаш нотамом аст,
Саманди интиқомаш дар лаҷом аст.

пешина
аз 143
навбатӣ