Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Табақу дегу коса мекўфтанд,
То набинанд маҳ, намехуфтанд.
Бо фалак гўиё ба ҷанг буданд,
Ба ғазаб омада таҷанг буданд.
Моҳ мекард чун рухашро боз,
Сўйи маҳ буд дидаҳои ноз.
Аз ҳамон дам, ки моҳ пайдо шуд,
Нозанин моҳи пуртаманно шуд.
Як рухашро фақат намоён кард,
Рухи дигар зи дида пинҳон кард.
Дар фироқаш замин надошт қарор,
Ҷустуҷў кард сирри маҳ бисёр.
Чарх зад, чарх зад ба даври хеш,
Кард пайдо ба қувваи дониш.
Рўйи пинҳони моҳи зеборо,
Орзуву умеди дунёро,
Ҳикмати Октябр ёрӣ дод,
Нозанин моҳ рўйи худ бикшод.
Шарқ дигар ду нозанин дорад,
Осмон дораду замин дорад.

III
Осмон ошиқи замин гардид,
Бо замин бештар қарин гардид.
Гашт ҳайрон ба гирудори замин,
Шуҳрату шаъну иқтидори замин.
Он замине, ки одам аз он ҷо,
Мепарад то ба арш, авҷи фазо.
Он замине, ки гар ишора кунад,
Одамаш ҳукм бар ситора кунад,
Он замине, ки равшан аз моҳ аст,
То ба хуршед аз дараш роҳ аст,
Он замине, ки осмонранг аст,
Тўда - тўда ситора дар ҷанг аст,

пешина
аз 143
навбатӣ