Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Лек, сад афсўс, зани пардапўш,
Монд ба таърифи сифоташ хамўш…
Шарқ надонист, чӣ сон бо сухан
Зинда кунад акси ҳақиқии зан.
Партави Октябр ба додаш расид,
Шарқи ситамкаш ба муродаш расид.
Шарқ музайян шуда аз рўйи зан,
Шаъну шараф омада дар кўйи зан.
Зан ба сари курсии иззат нишаст,
Одати деринаи моро шикаст.
Даст ба мо бо лаби пурханда дод,
Ҳусни чу хуршеди дурахшанда дод.
Кас нашунидаст чунин кашфиёт,
Дар ҳама таъриху гузашти ҳаёт.
Кас нашунидаст чунин нозанин –
Зинату зеби Ватани дилнишин.
II
Чашмҳо сўйи осмон буданд,
Сўйи моҳу ситорагон буданд.
Моҳро машъали фазо гуфтанд,
Даст бардошта дуо гуфтанд.
Қисмати Шарқ бедимоғӣ буд,
Дарди он дарди бечароғӣ буд.
Зулмати шаб замин чу мепўшид,
Хуни дил аҳли Шарқ менўшид.
Шарқ мехонд моҳи тобонро,
Шабчароғи ҳама ғарибонро.
Шаби маҳтоб ёри ошиқ буд,
Ёр дар ихтиёри ошиқ буд.
Ногаҳон моҳ мегирифт агар,
Шарқ месохт дар замин маҳшар.
Одамон мебаромаданд тамом,
Шўр бардошта ба рўйи бом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё