Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷони ширин, тоҷи сар кун дўстро,
Ҷой дар мағзи ҷигар кун дўстро.
Дўстонро аз сафар овардаам,
Аз тамоми баҳру бар овардаам.
Омадам, дар Тоҷикистони азиз,
То бубинам рўйи ёрони азиз,
То ба онҳо ман ҳикоятҳо кунам,
Маҷлиси хурсандие барпо кунам.
То бароям бар сари кўҳсорҳо,
Сер бинам кишварамро борҳо.
То ба боғу бўстонаш по ниҳам,
По ба сўйи водию саҳро ниҳам.
То тавонам халқро ёрӣ диҳам,
Аз зафар, аз фатҳ ахборе диҳам.
То ба гўши дилбарон хонам суруд,
То бигўям дўстонамро дуруд.
То равам дар тўйҳо соқӣ шавам,
Талху ширин чун маи боқӣ шавам.
То ба халқам боз бахшам ҷўши дил,
То гузорам бори нав бар дўши дил.
То кунам таъзим мисли пахтачин
Чорқат гардида бар сўйи замин.
То намоям гўш ҳар як набзро,
Парварам то ҳар ниҳоли сабзро.
То шавам монанди дасти коргар,
Ҳукмрони кўраҳои пуршарар.
Қатрае аз чашмаи ҷўшон шавам,
Заррае аз шўълаи тобон шавам.
Пас чаро пурсанд баъзе дўстон:
«Чандрўза омадӣ ту меҳмон?».
Пас чаро гўянд ёрон, марҳабо!
«Меҳмони Тоҷикистон, марҳабо!?»
Меҳмон ман нестам, ёрон, ҳазар,
Аз чунин гапҳои ночаспон ҳазар.
Ман наям бегона дар ин сарзамин,
Ман наям дур аз диёри дилнишин.

пешина
аз 143
навбатӣ