Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ёд дорам соли чилу нуҳро,
Тайнамуданҳои роҳи кўҳро.
Дар сари раҳ Ҳиндукуш паҳлу кашид,
Аз бари домони мо ҳар сў кашид.
Мо ба зери кўҳҳо пинҳон шудем,
Меҳмон дар қасри кўҳистон шудем.
Корвон мерафт, фарёди ҷарас,
Мерасид бар кўҳҳо бар гўши кас.
Бехабар буданд аз мо Бомиён,
Сангпайкар, сангдил бутҳои он.
Офтоб аз мо панаҳ мекард рўй,
Сояҳо карданд моро ҷустуҷўй.
Боз шуд дарвозаи Искандарӣ,
Бе дами шамшеру зарби ханҷаре.
Дар шаби торик пеш омад Дуоб
Меҳрбон шуд, дод бар мо ҷойи хоб.
Кулбаи хаспўшро тақдим кард,
Мизбон дар пеши дар таъзим кард.
Ҷойи бистар бурё густурда буд,
Гар чароғе буд, он ҳам мурда буд.
Дар миёни хона гулхан даргирифт,
Шифти онро дуду хокистар гирифт…
Дудҳо чун ресмон печон шуданд,
Обҳои чашми мо резон шуданд.
Давра биншастем дар гирди алав,
Чой ҷўшиду муҳайё шуд палав.
Бо ғазаб мезад ба бому дар шамол,
Гўш кар мекард, монанди шағол.
Ҷанг бо сармо вале гулхан намуд,
Хонаро ҳам гарм, ҳам равшан намуд.
Соҳиби ин хона афғони ҷавон
Шодмон буд аз қудуми меҳмон.
Дўстона меҳмондорӣ намуд,
То тавонист ў, ба мо ёрӣ намуд.
Хуб медонист, ки мо кистем
Аз куҷо, дар ҷустуҷўйи чистем.

пешина
аз 143
навбатӣ